Муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар Индонезия

Ахбор

Муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар Индонезия


22 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ҷакарта бо намояндагони Бонки содиротӣ ва воридотӣ (EXIMBANK) вохӯрӣ доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории шарикӣ, маблағгузории амалиётҳои содиротӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ, ташкили форумҳо ҷиҳати рушди тиҷорат ва  табодули таҷриба оид ба масъалаҳои соҳибкориро баррасӣ намуданд.

photo_2024-11-23_10-35-23.jpg

Дар идомаи рӯз, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири саноати Ҷумҳурии Индонезия ҷаноби Файсал Ризо ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот вобаста ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба, фанновариҳои саноатӣ, ҷалби сармояи мустақим, санадҳои ҳамкории дар доираи сафари мазкур бо ширкатҳои Ҷумҳурии Индонезия ба имзорасида мубодилаи афкор сурат гирифта, густариши муносибатҳои иқтисодӣ барои ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.

photo_2024-11-23_10-35-00.jpg

Дар қисмати дигари рӯз, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини вазири савдои Ҷумҳурии Индонезия хонум Дях Роро Эсти Видя Путри вохӯрд. Дар мулоқот доир ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун маълумот пешниҳод гардида, дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, табодули сафарҳои мутақобилаи доираҳои соҳибкорӣ ва омӯзиши таҷрибаи якдигар мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

IMG-20241122-WA0016.jpg

Сипас, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Индонезия бо роҳбарият ва намояндагони он вобаста ба тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ мулоқот анҷом доданд. Зимни ин ҳамоиш имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон тавассути рунамоҳо дар соҳаҳои саноат, канданиҳои фоиданок, савдо ва логистика, инчунин сиёсати андози ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.

IMG-20241122-WA0020.jpg

Маврид ба зикр аст, ки доир ба масъалаҳои зикргардида дар ҳошияи сафари корӣ аъзои ҳайат инчунин бо сармоягузорони индонезӣ суҳбатҳои алоҳида баргузор намуданд. Аз ҷумла, муовини якуми раиси БМТ Фируз Шарифзода бо доираи соҳибкорони бонуфузи ин кишвар оид ба кушодани бонкҳои фаръӣ, филиал ва ё намояндагии онҳо дар Тоҷикистон, бонкдории исломӣ, қарзҳои ипотекии дастрас ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди низоми бонкӣ вохӯриҳои судманд анҷом дод.

Дар маҷмуъ, вохӯриҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузаронида шуда, миёни ҷонибҳо муколамаи солим ва фарогири самтҳои гуногун оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир гардид.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1119

25.11.2024

Возврат к списку