Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома барои фаъолияти Бюрои таърихи қарз дода шуд.
Департаменти назорати бонкӣ дар Феҳристи Бюрои таърихи қарз ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта сабти дахлдорро ворид намояд.
Диданд: 682
22.11.2024