Баррасии дурнамои ҳамкориҳо дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Ахбор

Баррасии дурнамои ҳамкориҳо дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ


24-уми ноябр дар ҳошияи сафари ҳайати расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло як қатор вохӯриҳо бо намояндагони сатҳи баланди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Фонди Саудии Рушд ҷаноби Султон Абдураҳмон ал-Маршад, раиси Бонки Исломии Рушд ҷаноби Муҳаммад ал -Ҷассир ва вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ ҷаноби Абдурраҳмон ал-Фазлӣ вохӯриҳои дуҷониба анҷом дод. Дар вохӯриҳо дурнамои равобити Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сатҳи сифатан нав баррасӣ гардид.

IMG_20241126_090024_082.jpg  

Дар вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Фонди Саудии Рушд ҷаноби Султон Абдураҳмон ал-Маршад ҷонибҳо масъалаҳои мубрами соҳаи иқтисод, молия ва бонкиро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мушорикати зич баён намуданд.

TА¦-¦¬TБ.jpg  

Дар мулоқот бо раиси Бонки Исломии Рушд ҷаноби Муҳаммад ал-Ҷассир ҷонибҳо вобаста ба ҳамкорӣ дар самтҳои тандурустӣ, нақлиёт, энергетика, маориф, амнияти озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои муҳим табодули назар карданд. Ҳайати Тоҷикистон инчунин мусоидати Бонки Исломии Рушдро дар рушди низоми бонкдории исломӣ, ки имрӯз дар ҷаҳон мавқеи хос пайдо карда, диққати низоми анъанавии бонкиро ба худ ҷалб кардааст, муҳим арзёбӣ намуд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки зимни вохӯрӣ раиси Бонки Исломии Рушд ҷаноби Муҳаммад ал -Ҷассир аз ҷониби роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонида шуд.

467780715_122126508110479739_3636610761441605330_n.jpg  

Дар вохӯрии ҳайати кишвар бо вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ ҷаноби Абдурраҳмон ал-Фазлӣ ҷонибҳо барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуда, масъалаҳои мубрами соҳаи саноат, кишоварзӣ, энергетика ва дигар масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

IMG_20241126_090036_091.jpg  

Қобили қайд аст, ки 25 ноябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Конфронси байналмилалии сармоягузорӣ, ки дар шаҳри Риёз баргузор гардид, иштирок намуд.

Бояд гуфт, ки иштирок дар Конфронси мазкур барои баррасии масъалаҳои муҳимми иқтисодиёти ҷаҳонӣ, мушкилоти ҷойдошта, сармоягузории мустақим ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувор, маблағгузории сабз ва инчунин рақамикунонӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии ҳайати кишвар бо раиси Иттиҳоди  палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ Ҳасан ал-Ҳувайзӣ баргузор гардид. Дар мулоқот доир ба масоили ҳамкорӣ ва тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саъудиро ба имзо расониданд. 

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1658

26.11.2024

Возврат к списку