Ҳафтаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

Ахбор

Ҳафтаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм


Аз 25 то 29 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Индаури Ҷумҳурии Ҳиндустон 41-ум ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид.

1[2].jpg

Дар кори ҷаласаи пленарӣ дар қатори дигар масъалаҳои баррасишаванда Ҳисоботи навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт бо дархости бозбинӣ намудани ду тавсияи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), яъне тавсияи 8 (Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) ва тавсияи 38 (Ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ: ғайрифаъолгардонӣ ва мусодира) мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Зимни баррасии Ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт давлатҳои аъзо ва нозирони ГАО бо назардошти пешравиҳои назарраси кишвар дар татбиқи тавсияҳои зикргардидаи ФАТФ баланд бардоштани радабандии кишварро аз рӯи онҳо дастгирӣ намуданд.

2[2].jpg

Боиси қайд аст, ки дар қисмати мутобиқати техникӣ то ба имрӯз аз 40 тавсияи ФАТФ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 тавсия баҳои мусбии мутобиқи назаррас ва комилан мутобиқ дода шудааст.

Баъд аз даври дуюми баҳодиҳии кишвар (соли 2018) то кунун шаш Ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт аз ҷониби департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон барои қабули қарорҳои ниҳоӣ ба ГАО пешниҳод карда шудааст.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Telegram  Facebook

Диданд: 1640

29.11.2024

Возврат к списку