Ҳамдиёрони азиз, ба иттилои шумо мерасонем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ як гурӯҳ қаллобон аз номи Бонки миллии Тоҷикистон эълонҳои бардурӯғ паҳн карда истодаанд.
Хотиррасон менамоем, ки эълонҳои зикршуда ба Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқ надоранд, бинобар ин ба онҳо бовар накунед ва ба шахсони бегона маълумотҳои шахсии худро, аз ҷумла: ному насаб, рақами корти бонкӣ ва рамзҳои махфие, ки тавассути СМС паём ворид мегарданд, пешниҳод насозед!
Барои маълумоти муфассал метавонед ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути рақами 44 600 15 20 тамос гиред.
Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии шумо танҳо дар дасти шумост!
Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони
хизматрасониҳои молиявӣ
Диданд: 2493
02.12.2024