Ахбор

Маросими ҷоизасупории хатмкунандагони "Барномаи минтақавии дастгирии тиҷорати хурд (RSBP)"


5 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис ва роҳбарону намояндагони фаъоли ташкилотҳои қарзӣ маросими ҷоизасупории хатмкунандагони "Барномаи минтақавии дастгирии тиҷорати хурд" (Regional Small Business Program) баргузор гардид.

IMG_1332[1].jpeg

Барномаи минтақавии дастгирии тиҷорати хурд соли 2018 бо дастгирии БАТР ва Иттиҳоди Аврупо бо мақсади такмили дониши касбии мутахассисони низоми бонкӣ оғоз ёфта, дар доираи он зиёда аз 3500 намояндагони бахши молиявӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ба омӯзиши маҷозии БАТР ҷалб гардиданд. Дар доираи барномаи мазкур 27 курси маҷозӣ пешниҳод гардида, ба ин васила ба тақвияти равобити тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути мубодилаи таҷрибаи пешрафта мусоидат карда шуд. Зикр гардид, ки аз рӯи иштирок дар барномаи RSBP Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.

- Боиси хушнудист, ки беш аз 600 нафар донишҷӯён аз донишгоҳҳои шаҳрҳои Данғара, Бохтар ва Кӯлоб дар доираи ташаббуси мазкур барои омода кардани бонкдорони оянда ба ин омӯзишҳо ҷалб карда шуданд. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша ин гуна ташаббусҳоро ҷонибдорӣ менамояд ва

P1316134[1].jpg

боварӣ дорем, ки дар оянда низ барномаҳои мазкур барои бахши молиявии кишвар дастгирӣ хоҳанд ёфт, - изҳор намуд муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни суханронӣ.        

Дар чорабинӣ ҳамзамон, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ аз таҷрибаи худ оид ба ҳамгироии барномаҳои таълимии БАТР ба барномаҳои дохилии рушди мутахассисон сухан гуфта, таъсири мусбати ин гуна барномаҳоро ба ҳаҷми қарздиҳии хурду миёна қайд намуданд.

IMG_1840[1].jpeg

Дар қисмати ҷамъбастӣ ташаббускорони чорабинӣ ҳамаи иштирокдорони барномаро барои бомуваффақият анҷом додани сессияҳои омӯзишӣ табрику таҳният намуда, роҳбарон ва иштирокдорон фаъоли ташкилотҳои қарзӣ бо ҷоиза ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3680

06.12.2024

Возврат к списку