Ахбор

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот бо Бонки марказии АМА


9 декабри соли ҷорӣ зимни сафари корӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА Ашрафҷон Гулов бо раиси Бонки марказии ин кишвар ҷаноби Холид Муҳаммад Балама ва роҳбарияти бонк баргузор гардид.

Раис Арабистон.jpg

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами низоми бонкиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнибонкӣ дар самти назорати бонкӣ, низомҳои пардохтӣ, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, асъорҳои рақамӣ ва дар маҷмуъ рақамикунонии низоми бонкӣ омодагии худро баён намуданд. Инчунин, тарафҳо барои баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ бо мақсади табодули таҷриба доир ба масъалаҳои зикргардида ба мувофиқа расиданд.

Дар ин замина ҷонибҳо “Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот байни Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Бонки миллии Тоҷикистон”-ро ба имзо расониданд.

Маврид ба зикр аст, ки санади мазкур метавонад дар тақвияти ҳамкории низоми бонкии кишварҳо, табодули таҷрибаю дониш ва оғози самтҳои нави ҳамкорӣ мусоидат намояд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3732

10.12.2024

Возврат к списку