Муҳокимаи лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ

Ахбор

Муҳокимаи лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ


10 декабри соли 2024 дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии Томас В. Кесслер – мудири молия (суғуртаи офатҳои табиӣ)-и гурӯҳи бахши молиявии бонк, лоиҳаи барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ (Disaster Relief Bond (DRB)) аз ҷониби БОР барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

NBTL4046.jpg  

Зимни мулоқот зикр гардид, ки бинобар тағйирёбии иқлим дар минтақа солҳои охир афзоиши офатҳои табиӣ ба мушоҳида мерасад ва вокуниш ба онҳо ва барқарорсозии зарар захираҳои назарраси молиявиро талаб менамояд. Дар навбати худ, захираҳои ҷорӣ аксар вақт барои қонеъ кардани ниёзҳо кофӣ набуда, зарурати дарёфти воситаҳои нави молиявӣ пеш меояд. Лоиҳаи Disaster Relief Bond барои коҳиш додани осебпазирии ҷисмонӣ ва молиявӣ дар ҳолати тағйирёбии иқлим ва рӯй додани офатҳои табиӣ пешбинӣ шуда, ҳамчун механизми суғуртавии ҳифозатӣ истифода мешавад.

NBTL4041.jpg  

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки барориши чунин намуди коғазҳои қиматнок сафарбаркунии босуръати захираҳои зарурии молиявӣ ва кам кардани сарбориро ба буҷети давлатӣ таъмин намуда, ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ ҳамчун манбаи пардохтпазирии фаврӣ хизмат мекунад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оид ба механизми татбиқи лоиҳаи зикргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумлаи мақомоти давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2539

11.12.2024

Возврат к списку