Баррасии ҳамкорӣ бо “Машриқ Бонк”-и Амороти Муттаҳидаи Араб

Ахбор

Баррасии ҳамкорӣ бо “Машриқ Бонк”-и Амороти Муттаҳидаи Араб


10 декабри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони “Машриқ Бонк” - роҳбари глобалӣ вобаста ба институтҳои молиявӣ ва институтҳои молиявии ғайрибонкӣ ҷаноби Азиз Ата мулоқот намуд.

 photo_2024-12-11_07-27-53.jpg

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва суратҳисобҳои амонатӣ барои анҷом додани амалиёт бо асъорӣ хориҷӣ, инчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории “Машриқ Бонк” бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

“Машриқ Бонк” (Mashreq Bank) яке аз панҷ бузургтарин бонкҳои Амороти Мутаҳидаи Араб ва минтақаи Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ (MENA) ба ҳисоб рафта, доираи васеи маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумлаи бонкдории чакана ва корпоративӣ, тиҷорати электрониро барои бонкҳои минтақаи Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ, инчунин давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2424

11.12.2024

Возврат к списку