Рӯзи 13 декабри соли 2024 дар шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо роҳбарияти Маркази автоматикунонидашудаи коркарди пули нақд дар Бонки марказии Малайзия баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба муҳиммияти табодули таҷриба ва густариши муносибатҳои мутақобилаи судманд байни бонкҳои марказии ҳарду кишвар ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи мулоқот аз ҷониби Бонки марказии Малайзия оид ба таърих ва имкониятҳои Маркази автоматикунонидашудаи коркарди пули нақд маълумот дар шакли рӯнамо пешниҳод гардида, баъдан ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо раванди кори марказ аз наздик дар минтақаҳои алоҳида шинос карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Маркази автоматикунонидашудаи коркарди пули нақд дар Бонки марказии Малайзия соли 2016 бо иштироки мутахассисони дохиливу хориҷӣ сохта шуда, имконияти босуръат ва босифат коркард кардани ҳаҷми зиёди пули нақдро доро мебошад. Иқтидори солонаи марказ тақрибан 3 миллиард банкнота аст. Банкнотаҳои фарсуда, ифлосшуда ва ғайри қобили пардохт тавассути таҷҳизоти муосир муайян ва хориҷ карда шуда, танҳо пулҳои баландсифати коғазӣ баъд аз коркард ба муомилот бармегарданд. Илова ба ин, истифода аз технологияи рақамӣ имкон фароҳам овардааст, ки баъди ба кор шуруъ намудани марказ Бонки марказии Малайзия қувваи умумии меҳнатро 53 фоиз кам карда, иқтидори коркарди пули нақдро 33 фоиз зиёд намояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 4495
14.12.2024