Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости Фонди қарзии хурди “Солиҳин” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд.
Иҷозатномаи ФҚХ “Солиҳин” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз аз 10 майи соли 2013, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2013, №91 дода шудааст, бозхонд ва аз эътибор соқит гардид.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 2204
25.12.2024