Ахбор

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - раҳнамое ба сӯи ояндаи пурсаодат


28 декабри соли 2024 кормандони Бонки миллии Тоҷикистон пахши мустақими телевизионии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ироа ва тавассути тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мустақимона пахш гардид, дастаҷамъона тамошо карданд.

01.jpg

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлилу баррасии соҳаҳои гуногун, ба масоили низоми бонкии мамлакат низ таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум он 3,6 фоизро ташкил дод.

02.jpg

Хотирнишон карда шуд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуда, сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ бошад, ҳамагӣ 29 фоизро ташкил намуд.

Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.

01.jpg

Дар идома Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

Ҷиҳати идома додани ин раванд ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намуда, ин нишондиҳандаро то охири соли 2027 ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонанд.

03.jpg

Инчунин таъкид гардид, ки ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд.

04.jpg

Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар татбиқ ва то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдиро дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин намоянд.

Барои идома додани ин раванд Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасонии бонкию молиявӣ, таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасонии босифати бонкӣ, махсусан дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

05.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ инчунин масъалаҳои пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ғайраро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, хотирнишон намуданд, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад.

Шуъбаи матбуот






Telegram  Facebook

Диданд: 4985

30.12.2024

Возврат к списку