8 январи соли 2025 таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва бо иштироки муовини якуми раис Фируз Шарифзода, муовинони раис Сироҷиддин Икромӣ ва Гулбаҳор Назирӣ, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозу амонатҳои Тоҷикистон, ташкилотҳои суғуртавӣ ва бюроҳои таърихи қарз ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ ва низоми суғурта дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар суханронии худ нахуст барои дастгирии доимии рушди низоми бонкӣ ва суғурта ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2024 мутобиқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеоянд, инчунин дар асоси “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат” роҳандозӣ намуд.
Фирдавс Толибзода бо овардани маълумоти оморӣ қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома дода истодааст.
Сипас, роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон (директори департаменти назорати бонкӣ Абдуллоев З.Ҳ., сардори идораи суботи молиявӣ Қурбоналиева Н.М., директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Бояков З.Ғ, директори департаменти мониторинги молиявӣ Мирзоалиев Ҳ.С., директори департаменти низоми пардохт Салоҳиддинов Ш.К., директори департаменти технологияҳои иттилоотӣ Ғаниев Д.Б. ва сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Муродалиев Д.У.) оид ба вазъи низоми бонкӣ дар соли 2024, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт, таҳдидҳои киберӣ ва суботи молиявӣ инчунин баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ тариқи рӯнамо суханронӣ намуданд.
Дар қисмати муҳокимаи масъалаҳо намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба фаъолияти худ, мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин тақвияти заминаи сармоявии ташкилотҳои қарзӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, пурзӯр намудани низоми идоракунии хавфҳо, кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷрои саривақтии талаботи дастурамалҳои БМТ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт посухҳои мушаххас доданд.
Зикр гардид, ки аз рӯйи нишондиҳандаҳои асосӣ вазъи низоми бонкӣ ва суғурта дар соли 2024 беҳтар гардида, васеъ шудани доираи хизматрасониҳои онҳо ба мушоҳида мерасад. Аммо новобаста ба ин, ҷиҳати фаъолияти устувори низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки иҷрои саривақтии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои солҳои 2022-2026 талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, андешидани тадбирҳо барои мустаҳкам намудани заминаи сармоявӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан маблағгузориҳои дарозмуҳлат, баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти кормандон, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳои киберӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ, қонеъ кардани арзу шикоятҳо нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ, идома додани татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, рафъи камбудиҳо ҷиҳати муайянкунии қурби асъор ва ба роҳ мондани назорати қатъӣ дар амалиётҳои асъорӣ, инчунин иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”-ро таъмин намуда, баҳри амалӣ намудани супоришҳои дар Паёми навбатии Роҳбари давлат қайдгардида дар самти рақамикунонӣ ва гузариши пурра ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ дар соли 2025 чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар интиҳо, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бори дигар миннатдории самимонаи кормандони низоми бонкӣ ва суғуртаи мамлакатро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии низоми молиявӣ ҷиҳати рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар изҳор намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар таъмини рушди устувори иқтисоди Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2220
08.01.2025