Нумизматика — илм ё санъати ҷамъоварии тангаву сиккаҳо ва дигар рамзҳои пулии таърихӣ мебошад. Ин соҳа ба омӯзиши таърих мусоидат карда, ҳамчун анъанаи фарҳангӣ дар ҷомеи кишварҳои гуногун рушд намудааст.
Ҷамъоварии тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ҳамчун қисми таркибии ин соҳа на танҳо барои коллексионерон, балки муҳаққиқони таърих низ манфиатовар мебошад, зеро дар пайдо намудани маълумоти ҷолиб оид ба таъриху равандҳои иқтисодӣ ва сиёсии давраҳои гуногун, ҷашнҳои миллӣ ё байналмилалӣ ва муаррифии шахсиятҳои бузурги замон кумак менамояд. Тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ дар пур кардани коллексияҳо ва ба самъи ҷомеа расонидани аҳаммияти арзишҳои таърихию фарҳангии кишвар низ нақши муҳим доранд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ ва шуъбаҳои минтақавии он фурӯши тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба роҳ монда шудааст. Тангаҳои хотиравӣ ба ифтихори ҷашни солгарди шахсиятҳои бузурги адабиёти классикии тоҷику форс ва санаҳои муҳимми таърихӣ бо ҳадафҳои нумизматӣ аз нуқраи холис сикка зада шудаанд. Аз ҷумла, тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ:
1. “600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ” — шоири бузург ва мутафаккири форсу тоҷик.
2. “700-солагии Мир Сайид Али Ҳамадонӣ” — донишманд, файласуф ва шоири форсу тоҷик, шахсияти таърихӣ.
3. “20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” — яке аз санаҳои таърихии давлат, ки нишонаи таҳкими ҳуқуқу озодиҳо ва волоияти қонун дар кишвар мебошад.
4. “90-солагии шаҳри Душанбе” — пойтахт ва маркази фарҳангӣ-иқтисодии Тоҷикистон (дар се шакл) бо тасвирҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. “5500-солагии Саразм” — ёдгории таърихи миллати тоҷик дар водии Зарафшон ва рамзи фарҳангии минтақаи бостонии Тоҷикистон.
6. “3000-солагии Ҳисор” — ёдгории таърихи миллати тоҷик дар водии Ҳисор ва рамзи фарҳангии минтақаи бостонии Тоҷикистон.
7. “Бозиҳои Олимпӣ” — чун нишонаи муваффақият ва эътирофи маҳорати варзишии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон (дар се шакл) “Ҷаҳиш аз ҷастгоҳ”, “Слалом” ва “Биатлон”.
8. “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” — санаи ҷашни таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. “10-солагии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё” — санаи таърихии паймони равобити иқтисодии кишварҳои минтақа.
10. “Бахшида ба оғози кори НБО-и Роғун” - рӯйдоди барои халқи тоҷик ниҳоят муҳим ва таърихӣ.
Маълумоти муфассалро оид ба тангаҳои мазкур аз ин ҷо боргирӣ намоед:
Барои дастрас намудани тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:
Бонки миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2;
Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 168;
Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Б.Ғафуров 32;
Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Н.Ҳакимов 4;
Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хоруғ, кӯчаи Азизбек 2;
Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳраки Ғарм, кӯчаи И.Сомонӣ 22.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2688
09.01.2025