Иҷозатнома дода шуд

Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №251 “Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. 

Иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» №03/21, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2021, №49 ҷиҳати анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд. 

Шуъбаи матбуоти
БМТ
 

Telegram  Facebook

Диданд: 1783

07.01.2025

Возврат к списку