Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ

Ахбор

Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ


10 январи соли равон бо ташаббуси Шурои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши низоми бонкии кишвар зери шиори “Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши маҳсулоти бонкӣ ва дастовардҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ташкил карда шуда, ба иштирокдорон вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ маълумот пешниҳод гардид.

01.jpg

Қисмати дуюми ҳамоишро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ифодаи мавқеи устувори ҷавонон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар мебошад. Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ҳисобида, ҳалли масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумат муайян карданд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз кунанд, амнияти давлат ва шарафи ватандориро ҳимоя намуда, парчамбардори ин сарзамин ва кишвари муқаддас бошанд.

02.jpg

Зимнан ёдовар мешавем, ки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамаи маҳфилу чорабиниҳое, ки баргузор мегарданд, ҳамеша аз ҷавонон даъват ба амал меорад, ки аз таъсири мафкураи бегонапарастӣ ва ифротгароӣ канораҷӯйӣ карда, бо ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳӣ баҳри шукуфоии сарзамини худ хидмат намоянд. Имрӯз мутахассисони ҷавони аз илму донишҳои замонавӣ бохабар дар низоми бонкӣ зиёд мебошанд ва саҳми онҳо дар муаррифию пешниҳоди маҳсулоти инноватсионии молиявӣ, аз қабили пардохтҳои мобилӣ, ҳамёнҳои рақамӣ, платформаҳои сармоягузорӣ ва дар маҷмуъ рақамикунонии иқтисодиёт муҳим арзёбӣ мегардад. Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иброз доштанд, лозим аст, ки ташаббусҳои созандаи ҷавонон минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ карда шавад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки бо мақсади пешбурду татбиқи навовариҳо барои ҷавонон шароити мусоид эҷод кунанд, зеро дастгирии ҷавонон метавонад ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди устувори тамоми соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкӣ, мусоидат намояд, - зикр намуд Гулбаҳор Назирӣ.

03.jpg

Дар навбати худ, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам зимни суханронӣ ҷавононро неруи бузурги рушду пешрафти ҷомеа ном бурда, қайд намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа як қатор барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонони Тоҷикистон” қабул гардиданд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи махсуси Роҳбарии олии мамлакат нисбат ба ҷавонон шаҳодат медиҳад.

04.jpg

Сипас, барои иштирокдорони чорабинӣ дар мавзуъҳои “Муҳиммияти саводнокии молиявӣ барои ҷавонон”, “Нақши ҶСК “Алиф Бонк” дар пешрафти касбии ҷавонон”, “Душанбе Сити Бонк – ҳамқадами ҷавонон дар рушди молиявӣ”, “Дастгирии ҷавонони кишвар дар доираи иқдомҳои гуногун дар меҳвари тавваҷуҳи Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” рӯнамоҳо пешниҳод гардиданд.

05.jpg

Дар фарҷоми ҳамоиш ҷавонони фаъол ва пешоҳанги як қатор ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз ҷониби ташаббускорони чорабинӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, изҳори боварӣ гардид, ки ҷавонони имрӯза бо азму иродаи қавӣ ва масъулияти баланд дар амалӣ намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳамаҷониба кӯшишу талош намуда, барои пешрафту тараққиёти кишвари худ ва ободии он тамоми неруи худро равона хоҳанд кард.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3013

10.01.2025

Возврат к списку