Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Цифровой Платёж” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Sendy» иҷозатнома дода шуд.
Диданд: 1490
08.01.2025