Ахбор

Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ тасдиқ гардид


Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2025, таҳти №19, мутобиқи банди 16 “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2025 тасдиқ карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2292

22.01.2025

Возврат к списку