Баргузории ҳамоиш вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”

Ахбор

Баргузории ҳамоиш вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”


29 январи соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк, инчунин мудири шуъбаи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир ва сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиши васеъ доир гашт.

01.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад чорабиниро оғоз намуда, изҳор дошт, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ дар соли 2024 натиҷагирӣ ва ҷиҳати фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ карда шуд. Қайд карда шуд, ки соли сипаригардида барои Тоҷикистон соли нисбатан хуб буд ва дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳо ба назар расиданд. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.

02.jpg

Зикр гардид, ки тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Аз ҷумла, ба ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон диққат дода шуда, таъкид гардид, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки истифодаи технологияҳои муосири рақамиро вусъат дода, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдиро дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин намоянд.

03.jpg

Дар робита ба пешниҳоди қарзҳо гуфта шуд, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Бо мақсади идома додани ин раванд, ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намуда, нишондиҳандаи мазкур то охири соли 2027 ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ, инчунин таъсиси филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат чораҷуйӣ ва тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

04.jpg

Пешвои миллат дар Паёми худ махсус таъкид намуданд, Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва дар панҷсолаи минбаъда ба ин масъала диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамотҳои алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Дар маҷмуъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури раҳнамоест, ки моро ба фаъолияти пурсамар даъват мекунад ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба пешрафти кишвар дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат, мусоидат менамояд, - изҳор дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

05.jpg

Дар идомаи ҷаласа сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода ва мудири шуъбаи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир ва сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба нуктаҳои муҳимми Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз аҳли нишаст даъват намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд. Таъкид гардид, ки дар робита ба иҷрои нуктаҳои дахлдори Паём дар Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст ва таъмини иҷрои он вазифаи муҳимми ҳамаи кормандони низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад.

Шуъбаи матбуот

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1386

29.01.2025

Возврат к списку