Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ПАРДОХТИ ОСОН” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии "EASY PAY" иҷозатнома дода шуд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 1488
23.01.2025