Иҷозатнома дода шуд

Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “РСМ Тоҷикистон” ҷиҳати фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд.
Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


 

Telegram  Facebook

Диданд: 401

30.01.2025

Возврат к списку