3 феврали соли 2025 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов мулоқот намуд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ изҳор дошт, ки гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиши истифодаи равандҳои инноватсиониву имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ аз самтҳои муҳимми беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва тавсеаи фаъолияти бахши хусусӣ ба ҳисоб рафта, Бонки миллӣ ҳамчун танзимгар дар рушди технологияҳои рақамии молиявии кишвар нақши хосро иҷро мекунад ва дар робита ба ин, барои афзоиши дастрасии хизматрасониҳои молиявии инноватсионии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шароити мусоид бояд муҳайё карда шавад.
Дар навбати худ роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии IFC-ро ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъда дар самти пешбурди инноватсия дар бахши молиявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти ғайринақдӣ баён намуд.
Дар мулоқот густариши ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ ва суғурта, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла бахши рақамикунонии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ, лоиҳаи “Дастгирии рушди рақамӣ ва инноватсионии бахши молиявӣ”, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ, хусусан саводнокии молиявии рақамӣ дар миёни ҷавонон ва шаклу шароити ҳамкорӣ дар доираи татбиқи марҳилаҳои лоиҳа мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 462
04.02.2025