Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №251 “Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Меҳмонсаройи Тоҷикистон” барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ аз рӯи намуди хизматрасонӣ ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Меҳмонсаройи Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Меҳмонсаройи Тоҷикистон” №08/21, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 09 декабри соли 2021, №190 ҷиҳати анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Шуъбаи матбуоти
БМТ

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1523

29.01.2025

Возврат к списку