Ахбор

Нишасти матбуотӣ баргузор мегардад


12 феврали соли 2025 тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2024, №26/10-477 бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2024 баргузор мегардад.

БИНО НААВВВВ.jpg

Бо мақсади таъмини дастрасии намояндагони воситаҳои ахбори омма ба маълумот оид ба фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2024 резаахбор қабл аз баргузории нишасти матбуотӣ пешниҳод мегардад.

ШАРҲИ МУХТАСАРИ ИҚТИСОДӢ

ва фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2024

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар самти татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома ёфта, баҳри таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, устувории қурби пули миллӣ, нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт ва устувории низоми бонкӣ чораҳои зарурӣ андешидааст.

СИЁСАТИ МОНЕТАРӢ

       Сатҳи таваррум ва фишангҳои монетарӣ

Дар соли 2024 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (6±2 б.ф.) ҷамъбаст гардида, 3,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,0 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 4,0 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 4,8 фоиз ба амал омад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ баҳри танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 120 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистонро ба маблағи 12,0 млрд сомонӣ баргузор кард. Дар баробари ин, аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1,1 млрд сомониро ташкил менамоянд.

Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дурнамои мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, арзёбии коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, инчунин поёнтар аз доираи ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум дар давоми соли 2024 тадриҷан 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар гардид.

Вазъи бозори дохилии асъор

Дар соли ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дод. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар соли 2024 ба андозаи 0,2 фоиз устувор гардид.

Бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА тағйир ёфтанд. Аз ҷумла қурби соми Қирғизистон 2,3 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 19,7 фоиз, тангаи Қазоқистон 15,2 фоиз, рубли Федератсияи Россия 13,4 фоиз, рубли Белорус 9,3 фоиз, суми Ӯзбекистон 4,7 фоиз ва юани Чин 1,5 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфт.

НИЗОМИ БОНКӢ

Ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 31 декабри соли 2024 дар маҷмуъ 65 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 22 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 23 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ ба 1 928 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 31 адад зиёд мебошад.

Ҳаҷми дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоя

Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли 2024 ба 47,5 млрд сомонӣ ва 38,5 млрд сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2023 мувофиқан 26,0 фоиз (ё 9,8 млрд сомонӣ) ва 27,0 фоиз (ё 8,2 млрд сомонӣ) зиёд мебошанд.

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 9,0 млрд сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ ба андозаи  1,6 млрд сомонӣ ё 21,8 фоиз зиёд шудааст.

                       Пасандоз

Ба ҳолати 31 декабри соли 2024 бақияи умумии пасандозҳо 25,5 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли қаблӣ 31,2 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо аз рӯи ҳисса бо пули миллӣ 60,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 39,5 фоизро ташкил намуд.

Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо ҳиссаи шахсони ҳуқуқӣ 11,1 млрд сомонӣ ё 43,5 фоиз ва ҳиссаи шахсони воқеӣ 14,4 млрд сомонӣ ё 56,5 фоизро ташкил медиҳанд.

Қарзҳои додашуда ва бақияи сандуқи қарзӣ

Дар соли 2024 ҳаҷми қарзҳои додашуда 24,6 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 5,6 млрд сомонӣ ё 29,3 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаҳои  истеъмолот 47,1 фоиз, савдои хориҷӣ 14,6 фоиз, кишоварзӣ 12,7 фоиз, саноат 12,4 фоиз, хизматрасонӣ 6,9 фоиз, сохтмон 3,9 фоиз ва дигар соҳаҳо     2,3 фоиз рост меояд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 31,1 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 7,6 млрд сомониро ташкил додааст.

Дар соли ҳисоботӣ ба маблағи 17,8 млрд сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 31,3 фоиз зиёд мебошад.

Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 22,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 бо пули миллӣ 1,1 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 0,1 банди фоизӣ паст шудааст.

Бақияи сандуқи қарзии маҷмуии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ маблағи 21,4 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба интиҳои соли 2023 ба маблағи 3,5 млрд сомонӣ ё 19,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Суботи низоми бонкӣ

Меъёри кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, ба санаи 31 декабри соли 2024  21,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда (12 фоиз) 9,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Меъёри пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи ҳисоботӣ ба 78,3 фоиз баробар гардида, нисбат ба талаботи муқарраршуда 48,3 банди фоизӣ зиёд шудааст.

Даромаднокии дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамчун ифодакунандаи самаранокии фаъолияти низоми бонкӣ 3,8 фоиз ва даромаднокии сармояи он 20,7 фоизро ташкил намуд.

Дар санаи 31 декабри соли 2024 қарзҳои ғайрифаъол 7,1 фоизи сандуқи қарзии маҷмуиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2023  5,4 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

НИЗОМИ ПАРДОХТ

Ба санаи 31 декабри соли 2024 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 8,4 млн ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ   25,7 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 12,1 млн адад баробар гардида, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 38,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ба санаи ҳисоботӣ барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 11 955 терминали электронӣ насб карда шудааст, ки аз онҳо 5 530 POS-терминал махсус барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешаванд. Инчунин, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 19 918 QR–рамзи ягона насб карда шудааст, ки 3 161 адади он махсус барои қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронии муштариён аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва агентҳои бонкии пардохтии онҳо дар маҷмуъ зиёда аз 9,1 ҳазор терминали худкор дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ насб карда шуданд.

Дар соли 2024 бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 92,4 млн амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 30,4 млрд сомонӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2023 аз рӯи шумора 61,7 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 95,3 фоиз афзоиш ёфтанд. Таносуби ҳаҷми амалиётҳои гирифтани пули нақд ва амалиётҳои ғайринақдӣ 73,8 фоиз ба 26,2 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ ҳиссаи амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ 6,6 банди фоизӣ зиёд гардид.

НИЗОМИ СУҒУРТА

Дар интиҳои соли 2024 дар ҷумҳурӣ 16 ташкилоти суғуртавӣ, аз ҷумла 1 ташкилоти суғуртавии давлатӣ ва 15 ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ бо 66 филиал ба аҳолии ҷумҳурӣ хизматрасониҳои суғуртавиро пешниҳод намуданд.

Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар соли 2024 нишон дод, ки нишондиҳандаҳои асосии соҳа раванди афзоиш доштанд, аз ҷумла дороиҳои низом нисбат ба соли қаблӣ 10,5 фоиз, сармоя 19,6 фоиз, сармояи оинномавӣ 45,1 фоиз, захираҳои суғуртавӣ 2,5 фоиз, пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ 26,6 фоиз, сармоягузориҳо   32,7 фоиз, пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 37,0 фоиз ва андозҳои пардохтшуда 24,4 фоиз зиёд гардиданд.

Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ саҳми дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявӣ 1,7 фоизро ташкил дода, нисбат ба ММД ба андозаи 0,6 фоиз баробар шуд.

Нишондиҳандаи даромаднокии дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 13,7 фоиз ва нишондиҳандаи даромаднокии сармоя 22,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба интиҳои соли қаблӣ мувофиқан 1,8 ва 1,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

Дар Бонки миллии Тоҷикистон риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва иҷрои он доимо зери назорат қарор дорад.

Вобаста ба ин, дар соли ҳисоботӣ 1 568 муроҷиат, аз ҷумла 794 адад тавассути телефони боварӣ, 519 адад тариқи қабули бевоситаи шаҳрвандон,  230 адад тариқи хаттӣ (аризаҳо) ва 25 адад тариқи почтаи электронӣ ба унвони Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардид, ки дар умум ҳамаи онҳо тибқи тартиби муқарраршуда ҳалли худро ёфтанд.

СИЁСАТИ КАДРӢ

Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба масъалаи ҷалби бештари занону духтарони соҳибтахассус ва соҳибтаҷриба ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ кардани онҳо диққати махсус медиҳанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба охири соли ҳисоботӣ шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 20 751 нафарро ташкил намуд, ки аз ин 8 431 нафарашро бонувон (ё 40,6 фоиз аз ҳаҷми умумӣ) ташкил дода,  шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 820 нафар зиёд мебошад.

 Аз ин шумора 7 873 нафар зан ҳамчун кормандони фронт-офис (4398 нафар) ва бек-офис (3475 нафар) фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии бонувони дар низоми бонкӣ фаъолияткунанда 558 нафар ба бахши роҳбарикунанда рост меояд.

РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди Авруосиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳоди дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соли 2024 ба низоми бонкии кишвар ба маблағи 4,2 млрд доллари ИМА сармояи хориҷӣ (қарз, сармоягузориҳои мустақим ва дигар намуди сармоягузориҳо) ҷалб карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 88,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ Шурои мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор Барномаи “Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат” (PCI)-ро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд. Барномаи мазкур ба муҳлати 22 моҳ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, ба нигаҳдории устувори макроиқтисодӣ, таҳкими асосҳои сиёсии мақомоти кишвар ва дастгирии талошҳои онҳо дар самти таъмини рушди нисбатан устувору фарогир равона мегардад.

Моҳи июли соли 2024 бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 70 нафар дар сатҳи роҳбарияти ХБА, Бонки Ҷаҳонӣ, вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии Конфедератсияи Швейтсария, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Лаҳистон, Сербия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Моҳи августи соли 2024 ширкати байналмилалии рейтингии “Standart&Poor’s” рейтинги байналмилалии соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи “В -” ба дараҷаи “B” бо дурнамои “устувор” баланд бардошт.

Инчунин, моҳи сентябри соли 2024 агентии рейтингии “Moody’s” рейтинги байналмилалии соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи “В3” тасдиқ намуда, дурнамои онро бинобар беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ аз “устувор” ба “мусбат” баланд бардошт.

Баҳогузориҳои мазкур беҳбудии ояндаи вазъи иқтисодии Тоҷикистонро пешбинӣ намуда, аз устувории иқтисодиёти кишвар ва вазъи муътадили молиявии он шаҳодат медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи самараноки сиёсати пулӣ, пурзӯр намудани танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ба ин васила нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Telegram  Facebook

Диданд: 6531

10.02.2025

Возврат к списку