11 феврали соли 2025 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндаи навтаъини доимии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото мулоқоти корӣ анҷом дод.
Фирдавс Толибзода нахуст ҷаноби Ко Сакаматоро барои таъин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, қайд кард, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони боэътимоди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории самарабахш ва дастгирии доимии лоиҳаҳое, ки ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, инчунин барои саҳми арзанда дар бахши низоми бонкӣ тавассути пешниҳоди кумакҳои техникӣ ва машваратӣ ба БОР арзи сипос менамояд ва бовар дорем, ки ҳамкорӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт, - изҳор дошт Толибзода Ф.
Дар идома ҷаноби Ко Сакамото бо вазъи макроиқтисодии кишвар шинос карда шуд. Қайд гардид, ки бо вуҷуди номуайянӣ дар иқтисоди минтақа нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар бахши низоми бонкии мамлакат муътадил арзёбӣ мегарданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, ҷалби бештари сармоя, идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявӣ, мусоидат ба раванди рақамикунонии соҳаҳои мухталиф, низомҳои пардохт ва суғурта табодули назар намуданд.
Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир дар самти ташкили заминаи самараноки сиёсати пулию-қарзӣ чанд ислоҳоти сохториро роҳандозӣ кард. Ҳадафи ин ислоҳот тақвияти эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, беҳтар намудани меъёри пардохтпазирӣ ва меъёри фоизӣ буда, ба гузариши тадриҷӣ ба ҳадафгирии таваррум мусоидат менамояд.

Табиист, ки ислоҳоти мазкур дар ҳамкории наздик бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, амалӣ карда мешаванд. Боварӣ дорем, ки БОР низ дар ин гуна ислоҳоти муҳим Бонки миллии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард, - қайд намуд Толибзода Ф.
Намояндаи навтаъини доимии БОР дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото дар навбати худ омодагиашро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷонибаи судманд ва роҳандозии самтҳои нави ҳамкорӣ бо низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3770
11.02.2025