Ахбор

Дар бораи оператори низоми пардохтии “CONTACT”


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” бинобар қатъ гардидани фаъолияти низоми пардохтии “CONTACT”, иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии КИВИ БОНК барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ бозхонд карда шуд.

Департаменти низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ
 

Telegram  Facebook

Диданд: 1539

30.01.2025

Возврат к списку