Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Шарқ” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд.
Иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Шарқ” барои анҷом додани амалиёти суғуртавӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2020, №125 дода шудааст, бозхонд ва аз эътибор соқит гардид.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 801
13.02.2025