13 феврали соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ арзёбӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд дар соли 2024 як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ-маърифатӣ, аз ҷумла тренингҳо, семинар-машваратҳо, вохӯриҳо ва фестивалҳои саводнокии молиявиро баргузор намуд, ки дар онҳо зиёда аз 148 000 нафар иштирок намуданд. Натиҷаи мониторинги сатҳи ноилшавӣ ба нишондиҳандаҳои мақсадноки фарогирии молиявӣ нишон медиҳад, ки ҳолати нишондиҳандаҳои фарогирии молиявии ҷанбаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ба сатҳи мақсадноки пешбинишуда расидааст.
Дар рафти кори ҷаласа намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба таҷрибаи кории худ табодули назар намуда, фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба ҷоннок намудани ҳамкорӣ дар самти зикргардида баён доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои Стратегия сохтори идоракунии он: Шурои ҳамоҳангсозӣ, кумитаи иҷроия ва гурӯҳҳои кории мавзуӣ аз рӯйи самтҳои асосии Стратегия таъсис дода шуда, фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии Стратегия таҳти роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2658
13.02.2025