20 феврали соли 2025 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Илҳом Туаҳ Илёс мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар вохӯрӣ дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Малайзия дар бахши низоми бонкӣ ва суғурта ва имкониятҳои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот қайд карда шуд, ки муносибат миёни ҳар ду кишвар, хусусан ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ солҳои охир густариш меёбанд. Бо назардошти дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд пешниҳод гардид, ки дар навбати аввал ҳамкорӣ байни низоми бонкии Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон иштироки сармояи хориҷиро дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, инчунин барои кушодани бонки фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳо дар қаламрави мамлакат пурра дастгирӣ намуда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт шароити мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар беҳтар гардида, шумораи ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла барои гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ афзоиш меёбад.
Ҷонибҳо ҷиҳати самаранок татбиқ намудан ва риояи стандартҳои байналмилалии бонкӣ инчунин вобаста ба баланд бардоштани иқтидори Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи танзим ва назорати ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои суғурта, татбиқи ипотекаи исломӣ тавассути ташкилотҳои қарзӣ ва таҳияи заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани суғуртаи такафул суҳбат намуданд.

Дар хотима ҳар ду ҷониб барои таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар самти рушди низоми бонкӣ ва бозори суғурта ҳавасмандӣ изҳор намуда, зикр карданд, ки баргузории чунин мулоқотҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни низоми бонкии кишварҳо мусоидат хоҳад намуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3063
21.02.2025