25 феврали соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи даҳуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯро) бо иштироки мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи нуҳуми Шӯро муҳокима карда шуда, гузориши масъулин оид ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ, пешгирии киберхатарҳо дар низоми бонкӣ, коҳиш додани хавфҳои бахши фискалӣ ва вазъи корхонаҳои азими давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти баргузории ҷаласа аъзои Шӯро бо пешниҳоди рӯнамоиҳо оид ба масъалаҳои мубрам, аз қабили яке аз ҷузъҳои бахши суботи молиявӣ – вазъи молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва рушди минбаъдаи фаъолияти он, қисматҳои асосии тавозуни пардохт, аз ҷумла содироту воридот, маблағгузории ҳисоби ҷорӣ ва ҳисоби молиявӣ муҳокимаронӣ анҷом доданд. Қайд карда шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза авҷ гирифтани низоъҳои тиҷоратӣ, пурзӯр гардидани сиёсати муҳоҷират дар бархе аз кишварҳо, номуайянӣ дар бозорҳои молиявию сӯзишворӣ ҷой доранд, ки метавонанд ба таъмини суботи молиявӣ таъсиргузор бошанд.
Дар ин раванд таъкид карда шуд, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон, рушди соҳаи иҷтимоӣ, устувор намудани ҳамаи бахшҳои молиявӣ бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ, ташкили буферҳои молиявӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт, зиёд кардани иқтидори иқтисодиёт тавассути диверсификатсияи содирот ва рушди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаҳои иқтисодӣ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд.
Илова ба ин, бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди фарогиру устувори иқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳим қайд карда шуда, қарорҳои марбута дар самти рушди суғуртаи иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар бахшҳои молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки қурби асъор ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва ғайра қабул гардиданд.
Бояд қайд кард, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 таъсис дода шудааст.
Диданд: 1899
26.02.2025