Мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон

Ахбор

Мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон


5 марти соли ҷорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута мулоқот намуд. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии низоми бонкии кишвар, тавсеаи ҳамкориҳо дар самти низоми бонкӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, иштироки сармояи Ҷопон дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, инчунин кушодани филиалҳо ва намояндагиҳои бонкҳои ин кишвар табодули назар намуданд.

NBTL7236.JPG

Фирдавс Толибзода дар оғоз хонум Кейко Фурутаро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказии кишвар ба рушду таҳкими робитаҳо байни низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, аз ҷумла барқарор намудани муносибатҳои муросилотӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ бо бонкҳои Ҷопон, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба бо Бонки марказии Ҷопон манфиатдор мебошад.

Имрӯз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бонкдорӣ барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардааст ва Бонки миллии Тоҷикистон омода аст, ки дархостҳоро барои кушодани бонкҳо, филиалу намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ баррасӣ намояд. Давлат баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷиву ватаниро кафолат медиҳад, – зикр намуд раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо зимни мулоқот инчунин вобаста ба ҳамкориҳо тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи грантии JDS (“Барномаи бурсияҳо оид ба рушди иқтидори захираҳои инсонӣ”) суҳбат намуда, қайд карданд, ки лоиҳаҳои мазкур дар тақвияти инфрасохтор, идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ ва рушди захираҳои инсонӣ саҳми назаррас доранд.

NBTL7200.JPG

Изҳори боварӣ карда шуд, ки талошҳои пайваста ҷиҳати баланд бардоштани иқтидор, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои таълимӣ ба рушди бахши бонкии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба пешрафти иқтисодиёти он мусоидат менамоянд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута дар интиҳои мулоқот аз таваҷҷуҳи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкии ду кишвар истиқбол намуда, ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории самаранок изҳор дошт.

Шуъбаи матбуот

 

 

        


Telegram  Facebook

Диданд: 1829

05.03.2025

Возврат к списку