Муҳокимаи масоили вобаста ба вазъи фарогирии молиявии занон, ҷавонон ва соҳибкории хурду миёна

Ахбор

Муҳокимаи масоили вобаста ба вазъи фарогирии молиявии занон, ҷавонон ва соҳибкории хурду миёна


5 марти соли 2025 ҷаласаи Гурӯҳи кории махсуси ҷузъӣ барои васеъ кардани ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии занону ҷавонон бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба вазъи фарогирии молиявии занон, ҷавонон ва соҳибкории хурду миёна, ҳимояи ҳуқуқ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии онҳо, дастрасии занон, ҷавонон ва соҳибкории хурду миёна ба хизматрасониҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

NBTL7147[2].jpg

Дар оғоз сардори шуъбаи методология ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон Норов А. дар мавзуи “Раванди иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024” рӯнамо пешниҳод намуда, ба иштирокдорон доир ба мақсад ва самтҳои асосии Стратегия, механизми идоракунӣ ва татбиқи он, сатҳи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегия дар соли 2024, иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии он, истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ, дастрасӣ ба онҳо, тағйирёбии пешниҳоди қарз ба занҳо ва сифати хизматрасониҳои молиявӣ маълумот дод.

NBTL7158[2].jpg

Дар идома иштирокчии барномаи “Women’s World Banking Leadership Diversity Program for Regulators 2024” Шарипова А., ки татбиқкунандаи лоиҳа дар мавзуи “Тавсеа бахшидани дастрасии занони соҳибкор ба фишангҳои молиявӣ” мебошад, ба аҳли нишаст дар мавзуи “Бонкдории бонувони ҷаҳон, пешбурд ва гуногунӣ барои танзимгарон 2024” рӯнамо пешниҳод намуд.

NBTL7173[2].jpg

Сипас, иштирокдорон оид ба таҷрибаҳо дар самти мазкур мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ дар бораи раванди иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас гирифтанд.

  Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1794

06.03.2025

Возврат к списку