7 марти соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идонаи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияту бонувони дастгоҳи марказӣ ва собиқадорони бонк иштирок намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бонувони ҳамоиш ва дар симои онҳо модарону хоҳарон ва кулли бонувони кишварро ба Рӯзи фархундаи Модар, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмӣ эълон шудааст, самимона табрику муборакбод гуфт.
Мавсуф иброз дошт, ки модар дар ҳамаи давру замон рамзи бақову сарсабзии зиндагии инсонҳо буд ва дар айёми баҳори сарсабз ва арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мутобиқ омадани ҷашни Рӯзи Модар беҳикмат нест.
Маҳз мақоми баланди модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва рафтори неку пур аз муҳаббати ӯ сабаб гардид, ки инсоният модарро ба сифати бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дорад.
Боиси хурсандист, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханронии худ ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром, эътироф ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дошт. Дар замони соҳибистиқлолӣ низ ба мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа таваҷҷуҳ ва эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд ва имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Қайд гардид, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон низ барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории бонувони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Айни замон аз шумораи умумии кормандон 30 фоизро занон ташкил дода, аз ин шумора 14 фоиз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият менамоянд.
Сипас, сардори шуъбаи тарҷума, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода бонувонро бо ҷашни зебою нотакрори Рӯзи Модар муборакбод гуфта, бо қироати шеърҳо аз ашъори худ табъи иштирокдоронро шод намуд.
Дар навбати худ аъзои созмони ҷавонони бонк низ бо қироати шеърҳо дар васфи зан-модар ҳамчун рамзи бақову сарсабзии зиндагӣ бонувонро васф намуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ гурӯҳи ҳунармандону ҳаҷвнигорон бо барномаи зебои фарҳангӣ-фароғатӣ хотири занону бонувон ва аҳли ҷамъомадро болида гардониданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар занону духтарон ва собиқадорони бонкро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрику таҳният гуфта, барояшон рӯзгори осуда, бахту саодат ва хушҳолию хушрӯзӣ орзу намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занону бонувон минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2446
07.03.2025