Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурд “ГАНҶ МОЛИЯ” ҷиҳати анҷом додани амалиёти бонкии зерин:
- ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- додани қарзи хурд (бо таъмин ва бе таъмин);
- кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;
- интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён;
- додани кафолат;
- қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ;
- амалиёти касавӣ;
- амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ;
- барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо иҷозатнома дода шуд.
Диданд: 185
05.03.2025