Дар бораи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима”

Ахбор

Дар бораи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима”


Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2025, №38 ба тасвиб расид, ки тибқи он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи анҷом додани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии маданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро пайдо намуд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 460

07.03.2025

Возврат к списку