13 марти соли 2025 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Муғулистон ҷаноби Ҳусейн Озхан мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар бахши бонкӣ, рушди бозори пулу сармоя ва суғурта, такмили сиёсати пулию қарзӣ дар кишвар, маблағгузории сабз ва дигар масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, қайд кард, ки новобаста аз сатҳи баланди номуайянии иқтисодӣ дар минтақа, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар муътадил боқӣ мемонанд.
Зимни баррасии масъалаҳо зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст ҷиҳати таъмини ҷонибҳои манфиатдор бо иттилооти баландсифат оид ба раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак платформаи ягонаи иттилоотиро таҳия намояд.
Дар доираи дастгирии низоми молиявии "сабз" гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби маблағгузории сабз "Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037"-ро қабул намудааст, ки он ислоҳоти институтсионалиро дар бар гирифта, дар татбиқи принсипҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ, таҳлили хатарҳои иқлим дар муассисаҳои молиявӣ, инчунин рушди бозори маблағгузории сабз нақши муҳим мебозад.
Ҷонибҳо инчунин доир ба рушди бозори суғуртаи кишвар суҳбат намуданд. Зикр карда шуд, ки дар ин самт "Стратегияи рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029" таҳия гардида, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд доир ба тақвияти иқтидори идораи назорати суғуртавӣ ва ҷорӣ намудани намудҳои хизматрасониҳои суғуртавӣ муҳим дониста мешавад.
Дар маҷмуъ, мулоқот дар фазои хуби ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати идома додани ҳамкорӣ омодагии худро изҳор доштанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1660
13.03.2025