17 марти соли 2025 пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ дар Федератсияи Русия, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия, муҳтарам Владимир Путин “Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Русия, Вазорати молияи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ” ба имзо расид.

Мақсад аз Ёддошти тафоҳум тавсеаи рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад.
Дар доираи ҳадафҳои Ёддошти мазкур дар назар аст, ки кӯшишҳои муштараки ҳар ду ҷониб барои таҳияи барномаҳои омӯзишӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявӣ ва таҳкими эътимод ба низоми молиявӣ равона карда мешаванд.
Иқдоми мазкур дар роҳи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардида, имкон медиҳад, ки таҷрибаҳои пешрафта истифода ва ба шароити маҳаллӣ мутобиқ карда шаванд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 5589
18.03.2025