Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бохтар Иншуренс” иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти суғуртавӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Дар асоси иҷозатномаи додашуда, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бохтар Иншуренс” ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти суғуртавиро аз рӯйи шаклҳои суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ дорад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 2234
20.03.2025