Ахбор

Баррасии масъалаҳои Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсӣ бо ҳайати ХБА


3 апрели соли 2025 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар доираи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат вобаста ба масъалаҳои дурнамои рушди бозори молиявӣ, ислоҳоти низоми суғуртаи мамлакат ва рушди хизматрасониҳои суғуртавӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ, натиҷаҳои дар ин самт ноилшуда ва нақшаҳои оянда табодули назар намуданд.

01.jpg

Зимни баррасии барномаи ислоҳоти низоми суғурта қайд гардид, ки бозори суғуртаи кишвар ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи низоми молиявӣ солҳои охир рушд намуда истодааст. Ташаббусҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт ба коҳиши осебпазирии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги суғурта дар байни аҳолӣ равона шудаанд. Қайд гардид, ки дар доираи ислоҳоти мазкур ҷорӣ намудани стандартҳои нави ҳисоботдиҳӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоиди қонунгузорӣ аз самтҳои афзалиятнок дониста мешаванд.

Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат дар самти ба роҳ мондани пардохтҳои ғайринақдӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ табодули афкор намуда, омодагии худро барои тавсеаи ин соҳаҳо иброз доштанд.

02.jpg

Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки ташрифи ҳайати ХБА дар доираи шарҳи дуюми Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, ба рушди бахши молиявии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3047

03.04.2025

Возврат к списку