3 апрели соли 2025 дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор раванди иҷрои Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) ва дигар масоили ҳамкорӣ мавриди муҳокима ва баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъорро бо вазъи кунунии макроиқтисодии кишвар ва низоми бонкӣ шинос намуда, қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои “Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат” саъю талош варзида, онро бомуваффақият амалӣ намуда истодааст. Барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда кӯшиш ба харҷ дода шуда, чорабиниҳо дар муҳлатҳои муқаррашуда амалӣ хоҳанд шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ, идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди бозори асъор, муътадилии сатҳи таваррум, устувории бахши молиявӣ, инчунин иҷрои тавсияҳои ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва раванди иҷрои Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат, ки бо назардошти ислоҳоти афзалиятнок бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат таҳия гардидааст, табодули назар намуданд.
Дар хотима ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки бо назардошти тамоюли мусбат доштани нишондиҳандаҳо, суботи геополитикӣ ва рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамкориро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Хазинаи Байналмиллаии Асъор идома хоҳанд дод.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2894
04.04.2025