Дар бораи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии “Меҳнат”

Ахбор

Дар бораи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии “Меҳнат”


Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии “Меҳнат” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯйи қоидаҳои мувофиқашудаи намудҳои суғурта тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии “Меҳнат”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2020, №127 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит гардид.

Шуъбаи матбуоти
БМТ

                                    

 

Telegram  Facebook

Диданд: 589

08.04.2025

Возврат к списку