Барномаи омӯзишӣ оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ ва суғуртакунии хавфҳо вобаста ба офатҳои табиӣ

Ахбор

Барномаи омӯзишӣ оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ ва суғуртакунии хавфҳо вобаста ба офатҳои табиӣ


7 апрели соли 2025 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар “Барномаи омӯзишӣ барои роҳбарони сатҳи баланд оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ ва суғуртакунии хавфҳо вобаста ба иқлим ва офатҳои табиӣ”, ки дар Академияи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия баргузор гардида истодааст, ширкат варзид. 

Икроми.jpg

Дар Барнома муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар панели 2-юми чорабинӣ доир ба хавфҳои ҷойдоштаи иқлим ва офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои миллӣ, афзалиятҳо ва ҳадафҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ суханронӣ карда, чораҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт муаррифӣ намуд. 

Маврид ба зикр аст, ки “Барномаи омӯзишӣ барои роҳбарони сатҳи баланд оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ ва суғуртакунии хавфҳо вобаста ба иқлим ва офатҳои табиӣ” аз 7 то 11 апрел идома ёфта, дар доираи он намояндагони 15 давлати минтақа ва ҷаҳон оид ба истифодаи механизмҳои муосири молиявӣ, хусусан маблағгузории офатҳои табиӣ (Disaster Risk Financing - DRF) табодули назар менамоянд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1802

08.04.2025

Возврат к списку