Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар AIM Congress – 2025

Ахбор

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар AIM Congress – 2025


Рӯзҳои 7-9 апрели соли 2025 Конгресси байналмилалии 14-уми солонаи сармоягузорӣ (AIM Congress – 2025) дар Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 20 ҳазор нафар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон, мутахассисон ва коршиносонро аз кишварҳои гуногуни олам барои муҳокимаи масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли вазифаҳои муҳимми муайянкунандаи ояндаи иқтисоди ҷаҳонӣ гирди ҳам ҷамъ овард. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш масъулини як қатор сохтору идораҳои давлатӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода намояндагӣ намуд.

Назирӣ - АМА.jpg

Маврид ба зикр аст, ки дар мизҳои мудаввар ва форумҳои сатҳи баланди ҳамоиш миёни масъулини давлатӣ, роҳбарони бонкҳои марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва сармоягузорони ҷаҳонӣ вобаста ба мавзуъҳои зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати ҷаҳонӣ, устувории молиявӣ, сармоягузорӣ ба сайёҳӣ, инноватсия ва рушди устувор, имкониятҳои нави иқтисодӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аз ҷумла, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни муаррифии нишондиҳандаҳои низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯнамо дар мавзуи “Имкониятҳои сармоягузории низоми бонкии кишвар” таваҷҷуҳи иштирокдоронро бо назардошти имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ ва кафолатҳои давлатӣ ба иқтидори сармоягузории низоми молиявии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Назирӣ Г_photo_2025-04-09_09-52-17.jpg

- Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бештар ба маблағгузории сабз тамаркуз намуда, кишварро ба макони беҳтарини сармоягузорӣ ба энергияи барқароршаванда, кишоварзии устувор ва лоиҳаҳои инфрасохтории аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил дода истодааст. Дар ин росто, ба сармоягузорон пешниҳод карда мешавад, ки аз имконият истифода бурда, дар таҳавуллоти иқтисодии Тоҷикистон ва ояндаи устувор саҳмгузор бошанд, - зикр намуд Назирӣ Г.

Назирӣ АМА 2.jpg

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳошияи нишаст ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин ҷалби сармоягузорони ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус маблағгузории Фонди Абу Забӣ оид ба рушд барои идомаи сохтмони НБО “Роғун”, муаррифии бештари имкониятҳои сармоягузорӣ ва маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкорони бурунмарзии кишвар ва сармоягузорони хориҷӣ мулоқот намуд.        

Шуъбаи матбуот

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1836

09.04.2025

Возврат к списку