10 апрели соли равон дар шаҳри Тошканд дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тимур Ишметов масъалаҳои густариши ҳамкории низоми бонкии ду кишвар дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии баимзорасида, аз ҷумла созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи назорати иштирокчиёни бозори хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ, назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, инчунин зарурати афзоиши шабакаи муносибатҳои муросилотӣ байни низомҳои бонкӣ, омӯзиши таҷрибаи тарафайн дар самти татбиқи стратегияи фарогирии молиявӣ ва тадқиқотҳо муҳокима ва баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва геополитикӣ, инчунин умумияти решаҳо ва робитаҳои таърихан ташаккулёфта байни халқҳои ҳарду кишвари ба ҳам дӯст ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Дар ин росто, робитаҳои мустаҳками иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ҳамкории дарозмуддат байни низоми бонкӣ муҳим дониста мешавад.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин доир ба дигар самтҳои ояндадори ҳамкории низомҳои молиявии ҳарду кишвар, аз ҷумла тавсеаи ҳамкории низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ дар доираи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ, инчунин ба роҳ мондани табодули таҷриба бо истифода аз таҷрибаи гузаронидани машваратҳои дуҷониба, таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои таълимӣ табодули афкор намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1752
11.04.2025