11 апрели соли 2025 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар ҳамоиши минтақавии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ таҳти унвони "Мусоидат ба истифодаи пардохтҳои рақамӣ тавассути навоварӣ, шарикӣ ва эътимод", ки бо ширкати роҳбарони вазоратҳои молия, бонкҳои марказӣ ва намояндагони бахши хусусии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон оид ба имконият ва иқтидори пардохтҳои рақамӣ дар фарогирии бештари аҳолӣ бо хизматрасониҳои молиявӣ, рафъи фарқиятҳои гендерӣ дар пардохтҳои рақамӣ, таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ ва идоракунии хавфҳои марбут ба кибербехатарӣ, қаллобӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ табодули назар намуданд.
Аз ҷумла, Гулбаҳор Назирӣ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки “Бонки миллии Тоҷикистон солҳои охир ба рушди инфрасохтори пардохт, такмили танзими ҳуқуқӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои тавсеаи пардохтҳои рақамӣ ва зиёд намудани дастрасии молиявии аҳолӣ диққати махсус медиҳад. Дар доираи ин мақсадҳо "Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025" ва “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” қабул гардида, мавриди истифода қарор доранд.
Дар доираи лоиҳаи дигари Бонки Ҷаҳонӣ "Асосҳои рақамии Тоҷикистон" татбиқи як қатор тадбирҳои муҳим барои бозори молиявӣ, аз қабили ташкили платформаи ягонаи давлатӣ барои пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва бунёди маркази ягонаи мушаххаскунии байнибонкӣ пешбинӣ мешавад. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур инфрасохтори бозори молиявиро хеле беҳтар намуда, ба рушди минбаъдаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Бинобар ин рушди босуръати рақамисозӣ масъалаҳои кибербехатарӣ ва ҳифзи маълумотро махсусан муҳим мегардонад. Бо ин мақсад роҳандозии механизмҳои муосири сиёсати идоракунӣ, ҳифзи маълумот, инчунин меъёрҳои пешрафтаи кибербехатарӣ барои ҳифзи маълумот, инчунин меъёрҳои пешрафтаи кибербехатарӣ барои муқовимат ба ҳамлаҳои киберӣ ва қаллобӣ зарур дониста мешаванд”.
Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамоиш намояндагони дигар кишварҳои минтақа низ оид ба рушд ва ислоҳоти инфрасохторӣ дар кишварҳои худ, ҷорӣ кардани инноватсия ва густариши технологияҳои рақамӣ, пешниҳоди маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ бо мақсади осон, дастрас ва муассир гардидани идоракунии молиявӣ, инчунин мусоидат ба истифодаи захираҳои қарзӣ ва маблағгузории саҳомӣ аз ҷониби корхонаҳо суханронӣ намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1344
14.04.2025