Эълон

Ахбор

Эълон


Эълон

Дархости маълумот

Бонки миллии Тоҷикистон

Ҳадафи дархости маълумот: Таҳия намудани брендбуки Бонки миллии Тоҷикистон.

Санаи нашр: 14 апрели соли 2025

Муҳлати қабули дархост: 1 майи соли 2025, соати 15:00

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Дархости маълумотро барои таҳияи брендбуки Бонки миллии Тоҷикистон эълон менамояд.

БМТ ширкати хизматрасонеро меҷӯяд, ки дар кори таҳияи брендбуки корхонаву муассисаҳо таҷрибаи зарурӣ дорад. Маълумот оид ба самтҳои кор дар замима дарҷ гардидааст.

Ҳуҷҷатҳои дархостшаванда:

- ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкат;

- тавозуни муҳосибӣ ба санаи ҳисоботии охирин;

- таҷрибаи кории ширкат дар таҳияи брендбук барои корхонаҳо.

Ҷавобҳои таҳвилгар бояд ба таври электронӣ дар шакли PDF (аз ҷумла, ҳама гуна ҳуҷҷатҳои нусхабардоришуда ва маводи чопшуда) ба суроғаи ujuraev@nbt.tj   таҳти унвони "Ҷавоб ба дархост барои таҳияи брендбуки Бонки миллии Тоҷикистон" ирсол гарданд ё тариқи дастӣ ба суроғаи зерин супорида шаванд:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1,

Бонки миллии Тоҷикистон, бахши хариду фурӯши амвол,

тел.: +(992 44) 600 32 51

е-mail: ujuraev@nbt.tj

Танҳо посухҳое, ки маълумоти дар боло зикршударо пурра дар бар мегиранд, ба рӯйхат ҷиҳати баррасӣ қабул карда мешаванд.

Ба таҳвилгарони манфиатдор тавсия дода мешавад, ки ҳуҷҷати Дархости маълумотро бодиққат аз назар гузаронанд ва дар ҳолати зарурӣ, пеш аз омода кардани посух, аз БМТ тавзеҳот дархост намоянд.

Ҳамаи дархостҳо бояд ба таври хаттӣ ба почтаи электронии ujuraev@nbt.tj фиристода шаванд. Муҳлати пешниҳоди дархостҳо то 1 майи соли 2025 мебошад.

           

Telegram  Facebook

Диданд: 1007

14.04.2025

Возврат к списку