Ахбор

Вохӯрии ҷамъбастии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон


Дар вохӯрии ҷамъбастии ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) бо масъулини вазорату идораҳои бахши иқтисодии кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ки 15 апрели соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид, натиҷаи миссияи ХБА оид ба машваратҳо тибқи Моддаи IV ва шарҳи дуюми татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати ХБА барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

01.jpg

Дар суханронии худ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат тибқи нақша сурат гирифта, нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва ҳадафҳои ислоҳоти дар шарҳи дуюм дарҷшуда дар маҷмуъ ба даст оварда шуданд. Дар натиҷаи ислоҳоти пайгирона рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба мушоҳида расида, сиёсати пулию қарзӣ самаранокии худро дар нигоҳдории таваррум дар сатҳи поёнтар аз доираи мақсаднок нишон медиҳад. Умедворем, ки тамоюли мусбати рушди иқтисоди кишвар боқӣ мемонад, аммо муваффақияти ин талошҳо ба як қатор омилҳо ва пеш аз ҳама ба суботи иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон вобаста хоҳад буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои таҳкиму устувории иқтисодиёт дар доираи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат, ки ба афзудани устувории буҷет, такмили сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати қурбӣ ва сиёсати бахши молиявӣ, инчунин мусоидат ба рушди устувор ва фарогир нигаронида шудааст, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.

02.jpg

Дар вохӯрӣ инчунин роҳбарони мақомоту идораҳои давлатии кишвар оид ба татбиқи барнома назару пешниҳодҳои худро ироа карданд.

03.jpg

04.jpg

Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор Мэтю Гартнер дар изҳороти худ аз натиҷаи мулоқоту вохӯриҳои ҳайати ХБА бо вазорату идораҳо аз тамоюли мусбат доштани нишондиҳандаҳо ва дурнамои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, қайд намуд, ки шарҳу эзоҳи пешниҳодгардида дар давраҳои минбаъдаи музокирот ба инобат гирифта мешаванд.

05.jpg

Ҳоким Холиқзода дар қисмати ҷамъбастӣ қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти барномаро дарк намуда, барои татбиқи бомуваффақи он ҳамаҷониба талош меварзад. “Мо итминон дорем ки татбиқи барнома ба ҳавасмандгардонии маблағгузории иловагии лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ бо мақсади мусоидат ба рушди устувор ва фарогир кумак хоҳад кард ва дар ин раванд, тавсия ва андешаи коршиносони ХБА муҳим арзёбӣ мегардад. Мо ҷонибдори муколамаи созанда буда, омодаем, ҳамаи он масъалаҳоеро, ки ба вазъи кунунӣ ва қадамҳои минбаъда дахл доранд, муҳокима намоем”.

06.jpg

Маврид ба зикр аст, ки ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор аз 2 то 15 апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ҷараёни ташриф бо як қатор вазорату мақомоти бахши иқтисодии кишвар машварату мулоқотҳои корӣ анҷом дод.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2874

16.04.2025

Возврат к списку