Рӯзҳои 20–21 апрели соли 2025 дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн Конфронси 23-юми солонаи Шурои Шариатии Ташкилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит (AAOIFI) барои муассисаҳои молиявӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиш яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи молияи исломӣ ба ҳисоб рафта, дар кори он олимони маъруфи соҳаи бонкдории исломӣ, намояндагони мақоми танзимкунанда, роҳбарони ташкилотҳои молиявӣ, намояндагони бонкҳои марказӣ ва коршиносони соҳаи молияи исломӣ аз кишварҳои гуногун иштирок карданд.
Бояд қайд намуд, ки конфронси мазкур ба баррасии масоили марбут ба ҳамоҳангсозии меъёрҳои бонкдории исломӣ, ҳамгироии технологияҳои молиявӣ ва татбиқи молияи ахлоқӣ дар низомҳои молиявии мутобиқ ба принсипҳои бонкдории исломӣ бахшида шуда, саҳнаи муҳимми табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳо дониста мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронс муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин намояндагӣ намуд. Номбурда дар ҷаласаи ифтитоҳӣ оид ба дастовардҳои низоми молиявии кишвар, имкониятҳои сармоягузорӣ ва нақши БМТ дар ташаккул ва рушди бонкдории исломӣ сухан ронда, ба иштирокдорон оид ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя ва татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ, тақвияти асосҳои ҳуқуқӣ ва амалии бонкдории исломӣ маълумот дод.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби ташкилкунандагони конфронс нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар рушди заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии молияи исломӣ баланд арзёбӣ гардида, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷоизаи махсуси AAOIFI, ки нишони эътирофи саҳми назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди бахши молияи минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, қадрдонӣ карда шуд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи конфронс Фируз Шарифзода бо як қатор роҳбарони бонкҳои марказӣ ва намояндагони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ вохӯрӣ анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва ташкили омӯзишҳои муштарак барои мутахассисони низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Бояд гуфт, ки баргузор намудани чунин машваратҳо заминаи мусоид барои рушду таҳкими робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 993
21.04.2025