Ахбор

Мулоқотҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати роҳбарикунандаи ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ


22 апрели соли равон дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон (ИМА) раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н. ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф.С. бо муовини директори идоракунандаи ХБА ҷаноби Бо Ли мулоқот намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои раванди татбиқи тавсияҳои ҳайати ХБА, натиҷаҳои бадастомада, идомаи ҳамкорӣ дар доираи Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ (PCI) ва дурнамои татбиқи минбаъдаи барномаҳои дастгирии техникӣ ва молиявӣ, ки ба суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат мекунанд, баррасӣ гардиданд.

01.jpg

02.jpg

Дар идомаи рӯз, ҳайати мазкур бо директори департаменти кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА Ҷиҳод Азур вохӯрӣ анҷом дод. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешравиҳо дар он, таҳкими устувории молиявӣ ва дигар масъалаҳо табодули андеша намуданд.

03.jpg

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳимми ба рушди инфрасохтор, ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои табиӣ нигаронидашуда қарор дошта, шарикони асосии таъмини рушди устувор метавонанд дар татбиқи ин лоиҳаҳои муҳим иштирок намоянд.

Дар қисмати дуюми рӯз, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани мулоқот намуд. Дар мулоқот оид ба масъалаҳои марбут ба вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ, идоракунии молияи давлатӣ, захираҳои энергетикӣ, тақвияти иқтисоди рақамӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигар самтҳои таъмини рушди иқтисодӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

04.jpg

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. дар баробари шарҳи вазъи макроиқтисодӣ ва дастовардҳои кишвар дар соли сипаригашта, саҳми Бонки Ҷаҳониро ҳамчун яке аз шарикони асосии таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти мамлакат махсус қайд намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба масоили сохтмони иншооти бузурги стратегӣ – “Неругоҳи барқи обии Роғун”, ки дар таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамгироии минтақавӣ ва гузариш ба иқтисоди сабз нақши стратегӣ дорад, суҳбат намуда, ҷалби маблағгузории алоҳидаро ба ин лоиҳа муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар робита ба мавзуъ, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ хонум Антонелла Бассани омодагии худро ҷиҳати шомил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаббусҳои минтақавӣ ва рушди платформаҳои нав барои ҳамгироии иқтисодӣ изҳор кард. Таъкид гардид, ки татбиқи ислоҳоти самтҳои афзалиятнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

05.jpg

Маврид ба зикр аст, ки аз 22 то 26 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Вашингтон ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ гузаронида мешаванд. Дар кори ҷаласаҳои баҳорӣ ҳамасола намояндагони сатҳи баланди бонкҳои марказӣ (миллӣ), вазоратҳои молия, фондҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, агентиҳои байналмилалӣ ва роҳбарони бахшҳои хусусӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳимми иқтисодӣ, аз ҷумла дурнамои макроиқтисодӣ, идоракунии дороиҳои давлатӣ, сармоягузориҳои устувор, интегратсияи иқлим ва табиат, нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо ва шаклҳои гуногуни ҳамкории самаранокро муҳокима ва баррасӣ менамоянд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои баҳории соли ҷорӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ., раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н. ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф.С. намояндагӣ мекунанд.

Шуъбаи матбуот

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2309

23.04.2025

Возврат к списку