Дар ҳошияи сафари корӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн рӯзҳои 20-21 апрели соли ҷорӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин бо як қатор роҳбарони муассисаҳои молиявӣ ва мақомоти танзимкунандаи кишварҳои араб вохӯрӣ анҷом дод.

Аз ҷумла, 20 апрел муовини якуми раиси БМТ Шарифзода Ф.Ҳ. бо раиси Шурои парасторони Ташкилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит барои ташкилотҳои қарзии исломӣ (AAOIFI) Шайх Иброҳим бин Халифа Оли Халифа мулоқот намуд. Зимни суҳбат ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкории стратегӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалии муҳосибӣ ва аудити исломиро бо мақсади баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони низоми бонкии Тоҷикистон, инчунин масоили таҳкими робитаҳои институтсионалӣ, такмили санадҳои меъёрӣ дар самти сиёсати пулӣ барои муассисаҳои молияи исломӣ ва рушди низоми такофулро мавриди муҳокима қарор доданд.

Санаи 21 апрел дар мулоқоти Шарифзода Ф.Ҳ. бо доктор Аҳмад Аш-Шайх - директори генералии Донишкадаи бонкӣ ва молияи Баҳрайн (BIBF) масъалаҳои таҳкими иқтидори кадрӣ, рушди молияи исломӣ ва рақамисозии низоми бонкӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо ҳамзамон вобаста ба зарурати ташкили курсҳои таълимии фарогир ва таҳияи барномаҳои махсуси омӯзишӣ ибрози назар намуданд. Дар анҷоми мулоқот миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва BIBF Пайнавишти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки он барои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои молияи рақамӣ, бонкдории исломӣ ва таҳияи стандартҳои касбӣ замина фароҳам меорад.

Дар доираи сафари корӣ инчунин бо роҳбарияти Бонки марказии Баҳрайн масъалаҳои марбут ба танзиму назорат, мутобиқсозии заминаҳои ҳуқуқӣ ва кушодани ҳисобҳои муросилотӣ муҳокима гардиданд. Дар ин замина зарурати истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида, ҷониби Баҳрайн омодагии худро барои мусоидат дар таҳияи санадҳои меъёрии мутобиқ ба стандартҳои бонкдории исломӣ изҳор дошт.

Дар вохӯрии муовини якуми раиси БМТ Шарифзода Ф.Ҳ. бо директори иҷроияи гурӯҳи Al Ahli United Bank ва узви Шурои Kuwait Financial House - Шади Заҳрон ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкориҳои молиявӣ, ҷалби сармоягузорӣ, бонкдории исломӣ, кушодани филиал ва намояндагиҳои худ, инчунин кушодани ҳисобҳои муросилотӣ мубодилаи афкор намуда, татбиқи таҷрибаҳои муосир, тақвияти ҳамкорӣ бо бонкҳои байналмилалӣ ва бо ин васила табодули таҷриба дар самти молияи исломиро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки сафари мазкур барои пешрафти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ояндасоз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои молиявии пешрафтаи минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2368
23.04.2025